Баррасии муносибатҳои неки ҳамсоягии кишварҳо ОМ дар бахши истифодаи об дар Берлин

Рӯзҳои 7-8 сентябри соли 2015 дар шаҳри Берлин Конфронси “Раванди Берлин” таҳти унвони “Об ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ” бо иштироки намояндагони баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар кори Конфронс ҳамчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо, Созмони […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 7-8 сентябри соли 2015 дар шаҳри Берлин Конфронси “Раванди Берлин” таҳти унвони “Об ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ” бо иштироки намояндагони баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар кори Конфронс ҳамчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо, Созмони Ҳамкорӣ ва Амният дар Аврупо, Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бонки Ҷаҳонӣ, Конфедератсияи Швейтсария, Давлати Исроил ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, дар кори ин Конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок дошт.

Боиси тазаккур аст, ки ин раванд аз соли 2008 оғоз гардида, то ин дам ду марҳалаи он тай гардидааст. Дар ҷараёни Конфронси навбатӣ масъалаҳои вобаста ба марҳалаи саввуми  “Раванди Берлин” мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Ҳадафи асосии ташаббуси Ҷумҳурии Федеративии Олмон рушди устувори иқтисод ва суботи минтақавӣ тавассути чораҳои муштарак дар самти идораи манбаъҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ ва таъмини ҳамкориҳои муштарак миёни кишварҳои минтақа ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар робита ба мавзӯъ мебошад. Раванди Берлин ба эътирофи ҷониби Олмон ҷузъи таркибии стратегияи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар самти минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар доираи нишасти Берлин тарҳи Эъломияи муштараки Конфронси сатҳи баланд “Об ва ҳамсоягии нек дар Осиёи Марказӣ”, ки қаблан мавриди ҳамоҳангии ҷонибҳо қарор гирифта буд, баррасӣ гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.