Боздошти як соҳибкори пойтахт ба гумони саркашӣ аз пардохти 500 ҳазор сомонӣ маблағи андоз

Рӯзи 9 сентябр дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи шаҳри Душанбе, директори ҶДММ “Инсоф-2010”, марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе, ба гумони саркашӣ аз супоридани андозҳо дастгир гардид. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки номбурда аз санаи […]

ASIA-Plus



Рӯзи 9 сентябр дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи шаҳри Душанбе, директори ҶДММ “Инсоф-2010”, марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе, ба гумони саркашӣ аз супоридани андозҳо дастгир гардид.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки номбурда аз санаи 1-уми январ то моҳи июни соли 2015 тавассути сарҳади гумрукӣ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон маҳсулоти гуштиро ворид намуда, онро ба фурӯш бароварда, аз пардохти андозҳо ба миқдори 501000-сомонӣ саркашӣ намудааст.

Гуфта мешавад, нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.