Машғулиятҳои ИА барои ҳавасмандсозии занони соҳибкор

Иттифоқи занҳои соҳибкори Латвия дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (ИМЗСТ) омӯзишҳоро дар мавзўи «Ҳавасмандгардонӣ» барои занҳо аз маҳалҳои деҳот ташкил намуд. Мақсади ин тренингҳо аз ҳавасмандгардонии занҳо барои оғоз намудани бизнеси худ ва рушди хизматрасониҳои нави ИМЗСТ барои занҳои соҳибкор иборат буд. Дар Истаравшан ва Ғончӣ ду тренинг баргузор шуд, ки дар […]

Иттилоияи расмӣ



Иттифоқи занҳои соҳибкори Латвия дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (ИМЗСТ) омӯзишҳоро дар мавзўи «Ҳавасмандгардонӣ» барои занҳо аз маҳалҳои деҳот ташкил намуд. Мақсади ин тренингҳо аз ҳавасмандгардонии занҳо барои оғоз намудани бизнеси худ ва рушди хизматрасониҳои нави ИМЗСТ барои занҳои соҳибкор иборат буд.

Дар Истаравшан ва Ғончӣ ду тренинг баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 40 занону духтарон иштирок намуданд. Муаллима Жанна Кулакова иштирокчиёнро ба шурӯъ кардани бизнеси худ хонда, бонувонро ба ҳамкорӣ байни якдигар ва таъсиси шабакаҳои соҳибкорӣ даъват намуд. Мутахассисони ташкилоти амонатии қарзии хурд «ИМОН Интернешнл» таҷрибаи худро ҷиҳати идомаи фаъолияти тренингӣ ба ҳайси ташкилкунандагони хизматрасониҳои ояндаи ИМЗСТ таҳти унвони «Клуби занони муваффақ» зиёд карданд.

Аввалин «Клуби занони муваффақ» бо иштироки 25 аъзоёни ИМЗСТ, аз ҷумла муассисони парваришгоҳҳои соҳибкорӣ (бизнес инкубатор), устодон ва қосидони соҳибкорӣ дар ш. Хуҷанд доир гардид. Хонум Жанна Кулакова ба ҳайси барандаи ин клуб буда, дарси такмили маҳорати (мастер класс) ҳавасмандгардонӣ гузаронд. Омӯзишҳои ояндаи ИМЗСТ дар асоси мунтазам ҷалб намудани соҳибкорони корозмуда ва машҳур ташкил мешаванд. Ин боиси ҳавасмандгардонии бонувон, фаъол шудан онҳо дар арсаи иқтисодӣ ва ривоҷи ҳамкорӣ байни бонувон дар ҷодаи соҳибкорӣ хоҳад гашт.

Тренингҳо қисми лоиҳаи «Васеъгардонии ҳуқуқу имкониятҳои иқтисодии занҳои Тоҷикистон (TWEET)” мебошад, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар доираи “Барномаи сармоягузории Осиёи Марказӣ” маблағгузорӣ мегардад. Лоиҳа ба беҳтар гардонидани фазои бизнес баҳри ташкил ва амалӣ намудани соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон, ки аз тарафи занҳо роҳбарӣ карда мешаванд, равона карда шудааст. Буҷаи умумии лоиҳа 428 ҳазор евро буда, аз он 364,225 евро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо пешниҳод мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.