Ҳавопаймои президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев чанд дақиқа пеш ба фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе нишаст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, сарвари давлати Қазоқистон, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад ва ҳамроҳони ӯро нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт.
Ин дақиқаҳо назди Кохи миллат дар шаҳри Душанбе маросими расмии истиқболи президенти Қазоқистон оғоз мегардад.


