Сарони кишварҳои узви СААД таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро зарур медонанд

Пайрав Чоршанбиев



Аз рӯи натиҷаҳои иҷлосияи имрӯзаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба журналистон изҳор намуд, ки дар иҷлосия оид ба вазъи ҳамкориҳои мутақобила ва самтҳои афзалиятноки рушди созмон суҳбати кушоду озод сурат гирифта, ба хатарҳои глобалӣ ва минтақавии таъмини амният барои кишварҳои узви Созмон ва тадбирҳои имконпазири муқовимати дастаҷамъона бо онҳо дар оянда таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

«Дар ин замина мо ба зарурати мусоидати воқеъӣ ба таҳкими амният дар марзҳои ҷанубии Созмон, аз ҷумла қитъаи марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир намудем», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи сарвари давлати Тоҷикистон, дар ҳамоиш як қатор тадбирҳо оид ба такмили фаъолияти кишварҳо дар доираи СААД пешниҳод шуданд. «Ин тадбирҳо аз ҷумла аз баланд бардоштани омодабошии ҷангӣ ва таъмини моддиву техникии нерӯҳои дастаҷамъона ва воситаҳо, сатҳи зудамалии онҳо, бо ин мақсад баргузор кардани машқу размоишҳои муштарак, роҳандозии табодули доимии маълумот ва боз як маҷмӯи тадбирҳои дигар баҳри таҳкими имконоту иқтидори Созмон иборатанд», – шарҳ дод ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки «ба масъалаи густариши робитаҳо миёни корхонаҳои саноати ҳарбӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд».

«Зикр гардид, ки рушди ҳамаҷонибаи низоми омодагӣ ва бозомӯзии кадрҳои ҳирфаии артиш, хадамоти махсус, сохторҳои марзбонӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомот оид ба бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ минбаъд низ бояд самти афзалиятноки ҳамкории стратегии мо боқӣ монанд», – афзуд сарвари давлати Тоҷикистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.