«Милитсионери дурӯғин» ба маҳкама кашида шуд

Date:



Рӯзи 16 сентябри соли равон зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе ба гумони тамаъҷӯӣ дастгир гардид.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, муайян карда шудааст, ки дастгиршуда санаи 31 август дар ноҳияи Рӯдакӣ худро ҳамчун корманди милитсия муаррифӣ намуда, аз зани 35-сола, сокини ноҳияи мазкур бо роҳи тамаъҷӯӣ ва зӯроварӣ 600 доллари амрикоӣ гирифтааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

ВКД Тоҷикистон таъкид месозад, ки баъзе ашхоси нопоку бадандеш бо рафтори қабеҳ, барои бароварда намудани ғаразҳои шахсиашон худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, даст ба тамаъҷӯӣ ва бадном намудани кормандони милитсия мезананд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...