Сафири Тоҷикистон ба президенти Украина эътимоднома супурд

ASIA-Plus



Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев санаи 17 сентябри соли 2015 дар бинои Қасри Президент ба Президенти Украина Пётр Порошенко Эътимоднома супурд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, пас аз маросими супоридани Эътимоднома, Президенти Украина Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфта, дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар поёни сӯҳбат  Сафири Тоҷикистон Файзулло Холбобоев изҳор дошт, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина ба харҷ хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки Файзулло Холбобоев санаи 10 август бо фармони президенти мамлакат сафири Тоҷикистон дар Украина таъин шуд. То ба ин мансаб таъин шудан Холбобоев ба ҳайси намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масоили иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё фаъолият дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.