Сафири Тоҷикистон ба президенти Украина эътимоднома супурд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев санаи 17 сентябри соли 2015 дар бинои Қасри Президент ба Президенти Украина Пётр Порошенко Эътимоднома супурд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, пас аз маросими супоридани Эътимоднома, Президенти Украина Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфта, дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, таҳкими равобити дӯстона […]

ASIA-Plus



Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев санаи 17 сентябри соли 2015 дар бинои Қасри Президент ба Президенти Украина Пётр Порошенко Эътимоднома супурд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, пас аз маросими супоридани Эътимоднома, Президенти Украина Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфта, дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар поёни сӯҳбат  Сафири Тоҷикистон Файзулло Холбобоев изҳор дошт, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина ба харҷ хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки Файзулло Холбобоев санаи 10 август бо фармони президенти мамлакат сафири Тоҷикистон дар Украина таъин шуд. То ба ин мансаб таъин шудан Холбобоев ба ҳайси намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масоили иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё фаъолият дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Зарари офатҳои табиии ду рӯзи охир ба сокинони чанд шаҳру навоҳӣ

Ду рӯзи ахир дар пайи боришоти шадиди борон дар чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сел омада, ба сокинон хисорот расонидааст. Ҳоло корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати...

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.