Анҷумани нахустини адвокатҳои Тоҷикистон дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани якуми ҷумҳуриявии адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол нахустин чунин маърака буда, барои ташаккулёбии ниҳоди адвокатураи мамлакат қадами нав ба ҳисоб меравад. Қобили зикр аст, ки 18 марти соли 2015 года Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани якуми ҷумҳуриявии адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол нахустин чунин маърака буда, барои ташаккулёбии ниҳоди адвокатураи мамлакат қадами нав ба ҳисоб меравад.

Қобили зикр аст, ки 18 марти соли 2015 года Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон имзо карда шуд. Қонуни мазкур аз тарафи Парламенти мамлакат дар доираи Барномаи ислоҳоти судӣ ҳуқуқии солҳои 2011 – 2015 қабул карда шудааст, ки он 27 марти соли  2015  расман нашр гардида мавриди амал қарор гирифт.

Тибқи қонуни мазкур дар Анҷумани Якуми (таъсисии) адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ягонаи ҷумҳуриявии адвокатҳои мамлакат – Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Дар Анҷуман инчунин Оинномаи Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, Раиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешаванд.

Иштирокчиёни Анҷумани якум 50 вакил мебошанд, ки 10 вакилӣ аз ҳар минтақаи мамлакат интихоб карда шудаанд. Инчунин ба Анҷуман намояндагони ҳарду палатаҳои Парламенти мамлакат, намояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ, вазири адлия, прокурори генералӣ, раисони Суди Конститутсионӣ  ва Суди Олӣ, инчунин роҳбарони ташкилотҳои байналхалқӣ ва сафоратҳои дар Тоҷикистон мавҷудбуда таклиф карда шудаанд.

Анҷумани мазкур бо дастгирии Институти ҳуқуқҳои инсони Ассотсиатсияи Байналхалқии ҳуқуқшиносон ва Бахши Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико дар Тоҷикистон  гузаронида мешавад.

Раиси Коллегияи адвокатҳои шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёров ба «Азия-Плюс» қаблан

дар ин робита изҳор намуда буд

, ки таъсиси чунин иттиҳодияе дар нақша аст, ки тамоми адвокатҳои кишвар, сарфи назар аз узви ин ё он коллегияи адвокатҳо будани онҳо, аъзои он шуда тавонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Зарари офатҳои табиии ду рӯзи охир ба сокинони чанд шаҳру навоҳӣ

Ду рӯзи ахир дар пайи боришоти шадиди борон дар чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сел омада, ба сокинон хисорот расонидааст. Ҳоло корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати...

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.