«Ашан» ба таҳвили бор аз Русия ба Тоҷикистон шурӯъ кард

Яке аз ширкати фурӯшандаи чакана (ритейлер)-и фаронсавии «Ашан» ба таҳвили маҳсулоти ғизойӣ ва дигар молҳо аз Русия ба Тоҷикистон шурӯъ кард. «Дар остонаи ифтитоҳи мағозаи аввали «Ашан сити» дар Душанбе интиқоли санҷишии маҳсулоту борҳо аз Русия ба Тоҷикистон сурат гирифт. Беш аз 80%-и маҳсулоти бори нахуст интиқолдодашуда ба Тоҷикистонро ширкатҳои русиягӣ истеҳсол кардаанд», – хабар […]

Пайрав Чоршанбиев



Яке аз ширкати фурӯшандаи чакана (ритейлер)-и фаронсавии «Ашан» ба таҳвили маҳсулоти ғизойӣ ва дигар молҳо аз Русия ба Тоҷикистон шурӯъ кард.

«Дар остонаи ифтитоҳи мағозаи аввали «Ашан сити» дар Душанбе интиқоли санҷишии маҳсулоту борҳо аз Русия ба Тоҷикистон сурат гирифт. Беш аз 80%-и маҳсулоти бори нахуст интиқолдодашуда ба Тоҷикистонро ширкатҳои русиягӣ истеҳсол кардаанд», –

хабар додааст

  рӯзи панҷшанбе хадамоти матбуоти Aushan ба ВАО-и Русия.

Ин миқдори санҷишии борҳои интиқолёфтаи ширкат ба Тоҷикистон аз маҳсулоти мавриди ниёзи умумӣ ва нӯшокиҳо иборат буда, миқдори минбаъдаи маҳсулоту борро шабака моҳи ноябри соли 2015, ҳангоми омодагирии фаъол ба ифтитоҳи гипермаркет интиқол доданист.

Айни замон Aushan тамоми ҷараёни марбут ба таҳвили маҳсулоту бор, аз ҷумла аз назорати фитосанитарӣ ва расмиёти гумрук гузаштани онҳоро санҷида ва пайгирӣ мекунад.

«Интиқоли маҳсулоту бор мувофиқи қоидаҳои сершумор танзим мешавад. Масалан, барои тасдиқи кишвари истеҳсолкунандаи бор ва гирифтани имтиёзот зимни воридот ва расмиёти гумрук, метавонад пешниҳоди то 20 ҳуҷҷат аз таҳвилкунандаи барои 1 номгӯи мол талаб карда шавад», – гуфта мешавад дар хабар.

Аввали соли равон

дар ин робита иттилоъ дода будем,

ки яке аз ширкати фурӯшандаи чакана (ритейлер)-и маҳсулоти ғизойии Русия «Ашан Россия», ки яке аз воҳидҳои ширкати фаронсавии «Ашан» аст, бо ширкати Schiever оид ба ифтитоҳи мағозаҳо дар Тоҷикистон шартномаи франшизӣ (додани маҷмӯи ҳуқуқҳо) ба имзо расонид.

Қобили зикр аст, ки ифтитоҳи гипермаркет таҳти тамғаи «Ашан» дар Душанбе давоми ҳамин сол дар назар буд, вале лоиҳаи мазкур ба мушкилоти марбут ба андозбандӣ зимни воридоти таҷҳизот ба ҷумҳурӣ дучор гардид. Айни замон ин мушкилот ҳал шуда, гипермаркет яқинан баҳори соли оянда ба фаъолият оғоз мекунад.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақим ба бунёди нахустин гипермркет дар Тоҷикистон 7 млн. евроро ташкил медиҳад. Майдони ин мағоза 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, навъи маҳсулот аз 12 ҳазор адад иборат хоҳад буд.

Гипермаркети мазкур нахустин дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, имкон дорад, ки дар мағозаи нахустин 300 нафар кормандони маҳаллиро бо кор таъмин намояд. Тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, пас аз ифтиоҳи гипермаркет ҳаҷми муомилоти он дар соли 2016 ба 270 млн. сомонӣ баробар шуда, ҳаҷми андоза аз арзиши иловашуда 41 млн. сомониро ташкил хоҳад дод.

Ҳамчунин моҳи март

ВАО-Русия иттилоъ дода буданд

, ки сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми умумии фурӯш ва коҳиши ду баробари қарз, ҳамчунин нияти роҳ ёфтан ба бозорҳои Тоҷикистон, ширкати фурӯшандаи чакана (ритейлер)-и «Ашан»-и Фаронса беш аз 25%-и фоидаи софашро аз даст дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.