Сокини пойтахт занро кушта, писари ӯро захмӣ кард

Кормандони мақомоти милисаи пойтахт марди 23-солаи сокини  шаҳри Душанберо ба гумони даст задан ба ҷинояти куштор дастгир намуданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар менависад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда, шаби 16 ба 17-уми сентябри соли 2015, тахминан соати 00:20-дақиқа, вориди хонаи истиқоматии зани 44-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз сабаби муноқишаи ба […]

ASIA-Plus



Кормандони мақомоти милисаи пойтахт марди 23-солаи сокини  шаҳри Душанберо ба гумони даст задан ба ҷинояти куштор дастгир намуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар менависад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда, шаби 16 ба 17-уми сентябри соли 2015, тахминан соати 00:20-дақиқа, вориди хонаи истиқоматии зани 44-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ошхонагии дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин гумонбаршуда кирдорҳои ҷинояткоронаашро идома дода, бо корд ду маротиба ба аъзои бадани писари 13-солаи ноболиғи зани кушташуда мезанад, ки бар асари он писарбачаи ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.