Аз натиҷаҳои сафар ба минтақаҳо вакилон ба раҳбарият ҳисобот медиҳанд

Аваз Юлдошев



Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки аз 8 то 18 сентябр бо сафари корӣ дар минтақаҳо қарор доштанд, аз натиҷаҳои ин сафарашон ба раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҳисобот медиҳанд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар гузоришҳои худ вакилон ба масоили марбут ба ташвишҳои аҳолӣ ва мушкилоти рӯзмарраи ҷойдоштаи онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро то ба самъи раҳбарият мерасонанд.

«Бар асоси ин ҳисобот ба унвони ҳукумати кишвар маълумотномаи ягона таҳия хоҳад шуд, ки дар он ҳамаи масоили мавриди таваҷҷуҳи интихобкунандагон дарҷ мешавад», – таъкид дошт М.Султонов.

Зимнан зикр гардид, ки дар кумита ва комиссияҳои палатаи поёнии парлумон корҳои омодагӣ ба таҳияи рӯзномаи ҷаласаи нахустини иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистион ҷараён дорад, ки рӯзи 1 октябр дар Душанбе доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...