Зуҳуров: Ҳукумати ҳозира ба таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар қодир аст

Дар доираи сафар ба ВМКБ раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз дар маросими ба 82 оилаи аз офати табиӣ моҳи июл осебдида супурдани калидҳои манзили нав дар ноҳияи Шуғнон иштирок кард. Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин дар маросими […]

Аваз Юлдошев



Дар доираи сафар ба ВМКБ раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз дар маросими ба 82 оилаи аз офати табиӣ моҳи июл осебдида супурдани калидҳои манзили нав дар ноҳияи Шуғнон иштирок кард.

Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин дар маросими мавриби баҳрабардорӣ қарор гирифтани мағоза, ҳаммом, маркази тиббии дар шаҳраки нав сохташуда низ ҳузур дошт.

Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар ба ҳамаи бинокорони ин иншоот, ки супориши президент оид ба то 6 ноябр анҷом додани сохтмони ин иншоотро пеш аз муҳлат иҷро карданд, миннатдорӣ изҳор намуд.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи манзилҳои ба осебдидагон аз аҳолии ноҳияи Шуғнон сохташуда бо тамоми асбобу лавозимоти барои рӯзгор зарурӣ, аз қабили телевизору яхдон, қолину ҷангкашак ва зарфҳо таъминанд.

Зимни суханронӣ назди аҳолии шаҳраки нав Ш.Зуҳуров аз онҳо даъват кард, ки барои нигаҳдории сулҳу субот дар ҷумҳурӣ атрофи ҳукумати кишвар мутттаҳид шаванд.

«Ҳукумати ҳозираи Тоҷикистон ҳукумати солҳои 90-уми асри гузашта нест, ӯ ба таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар қодир аст ва ба ҳама гуна бадхоҳоне, ки Тоҷикистони босуботро намепазиранд, посухи муносиб дода метавонад», – гуфт Зуҳуров.

Ӯ ба мақомоти дахлдор оид ба суръатбахшӣ ба корҳои сохтмони мактаби нав дар шаҳрак ва андешидани тадбирҳои таъҷилӣ ҷиҳати таъмини сокинони шаҳраки нав бо оби ошомиданӣ дастуру супоришҳо дод.

Дар ин сафар Шукурҷон Зуҳуровро муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ҳамроҳӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки даҳаи дуюми моҳи июли соли равон бар асари селфароиву обхезӣ дар минтақаҳои кӯхистони кишвар 200 манзили зист, даҳҳо километр роҳҳои мошингард, иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, хатҳои интиқоли барқ ва дигар зербино хароб шуд.

Зиёни моддӣ аз ин офати табиӣ 100 млн. доллари ИМА арзёбӣ шуд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дархости кумаку дастгирӣ бахри рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалии хориҷӣ муроҷиат кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.