Visa International иштирокчии низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳо дар Тоҷикистон мешавад

Ахири ҳафтаи сипаришуда раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва ноиби Президенти ширкати байналхалқии Visa International Service Association Майкл Доннелли Созишномаи ҳамкорӣ оид ба иштирок дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Тоҷикистонро ба имзо расониданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, аз ин баъд амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии Visa International дар ҷумҳурӣ […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва ноиби Президенти ширкати байналхалқии Visa International Service Association Майкл Доннелли Созишномаи ҳамкорӣ оид ба иштирок дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Тоҷикистонро ба имзо расониданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, аз ин баъд амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии Visa International дар ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ, яъне бе гузаронидани амалиёти иловагии мубодилаи асъор иҷро мегарданд.

«То ин вақт дорандагони кортҳои пардохтии Visa International ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ мешуданд. Зеро дар натиҷаи анҷом додани хариду фурӯши мол ва хизматрасонӣ байни муомилоти ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ анҷомдодашуда, ба муштариён як андоза зарари молиявӣ ба миён меовард. Ин дар навбати худ, метавонад ба боварии аҳолӣ нисбати воситаҳои муосири пардохт ва дар маҷмӯъ ба низоми бонкӣ таъсири манфӣ расонад. Аз рӯи нақшаи тарҳрезишуда ин мушкилот то охири сол ҳалли худро меёбад», – шарҳ медиҳад БМТ.

Гуфта мешавад, барои дар амал татбиқ намудани нақшаҳои тибқи созишнома пешбинишуда, БМТ лоиҳаи ташкил намудани Низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Тоҷикистонро бо низоми пардохтии Visa International – TJNNSS (Tajikistan National Net Settlement Service) шуруъ намуда, айни замон марҳилаи аввали татбиқ намудани лоиҳаи мазкур аллакай оғоз гардидааст.

«Амалӣ намудани лоиҳаи мазкур барои зиёд гардидани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, татбиқи воситаҳои муосири электронии пардохт, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, оммавӣ гаштани ин воситаи муосири пардохт дар байни аҳолии кишвар ва барои устувории низоми пардохти миллӣ мусоидат хоҳад намуд», – таъкид месозанд дар БМТ.

Зимнан қайд мешавад, ки минбаъд Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани хариду фурӯши мол ва хизматрасонӣ бо истифодаи кортҳои Visa International дар қаламрави ҷумҳурӣ нақши бонки ҳисоббаробаркуниро иҷро менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.