Иштироки нозирони тоҷик дар интихобот ба парлумони Озарбойҷон

Аз раиси Комиссияи марказии интихоботи Озабойҷон Мазоҳир Панахов бо дархости иштирок дар мониторинги байнулмилалӣ, омодагӣ ва баргузории маъракаи интихобот ба парлумони Озарбойҷон сафарбар шудани намояндагони Тоҷикистон, ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон мактуб ворид шуд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки намояндагони Тоҷикистон ба ҳайати […]

ASIA-Plus



Аз раиси Комиссияи марказии интихоботи Озабойҷон Мазоҳир Панахов бо дархости иштирок дар мониторинги байнулмилалӣ, омодагӣ ва баргузории маъракаи интихобот ба парлумони Озарбойҷон сафарбар шудани намояндагони Тоҷикистон, ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон мактуб ворид шуд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки намояндагони Тоҷикистон ба ҳайати нозирони миссияи Кумитаи иҷроияи ИДМ шомил хоҳанд шуд. «Аз эҳтимол дур нест, ки намояндагони Тоҷикистон ба ҳайати миссияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) низ дохил карда шаванд», – қайд кард Додозода.

Зимнан зикр гардид, ки ки ҳайати намояндагони Тоҷикистон ба сифати нозирони интихоботи парлумонии Озарбойҷон, ки ахири моҳи октябр ба шаҳри Боку сафарбар мешаванд, баъдан маълум мешавад.

Маҷлиси миллӣ (парлумони Озарбойҷон) аз 125 нафар вакилон иборат аст, ки бар асоси низоми мажоритарӣ аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ба муҳлати 5 сол интихоб карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.