Шукурҷон Зуҳуров ба ВМКБ раҳсипор шуд

Date:



Бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳсипор шуд.

Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни ин сафар Шукурҷон Зуҳуров дар маросими ба истифода додани манзилҳо барои осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Шуғнон иштирок мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки раиси палатаи поёнии парлуон ҳамчунин бо аҳолии ноҳияи Шуғнон мулоқот карда, шоми ҳамин рӯз ба пойтахт бармегардад.

Ёдрас мекунем, ки даҳаи дуюми моҳи июли соли равон бар асари селфароиву обхезӣ дар минтақаҳои кӯхистони кишвар 200 манзили зист, даҳҳо километр роҳҳои мошингард, иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, хатҳои интиқоли барқ ва дигар зербино хароб шуд.

Зиёни моддӣ аз ин офати табиӣ 100 млн. доллари ИМА арзёбӣ шуд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дархости кумаку дастгирӣ бахри рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалии хориҷӣ муроҷиат кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...