Шукурҷон Зуҳуров ба ВМКБ раҳсипор шуд

Бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳсипор шуд. Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни ин сафар Шукурҷон Зуҳуров дар маросими ба истифода додани манзилҳо барои осебдидагон аз офати табиӣ […]

Аваз Юлдошев



Бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳсипор шуд.

Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни ин сафар Шукурҷон Зуҳуров дар маросими ба истифода додани манзилҳо барои осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Шуғнон иштирок мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки раиси палатаи поёнии парлуон ҳамчунин бо аҳолии ноҳияи Шуғнон мулоқот карда, шоми ҳамин рӯз ба пойтахт бармегардад.

Ёдрас мекунем, ки даҳаи дуюми моҳи июли соли равон бар асари селфароиву обхезӣ дар минтақаҳои кӯхистони кишвар 200 манзили зист, даҳҳо километр роҳҳои мошингард, иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, хатҳои интиқоли барқ ва дигар зербино хароб шуд.

Зиёни моддӣ аз ин офати табиӣ 100 млн. доллари ИМА арзёбӣ шуд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дархости кумаку дастгирӣ бахри рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалии хориҷӣ муроҷиат кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.