Дар шарқи ҷумҳурӣ муллои 63-сола захмӣ шуд

Дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ шахсони номаълум сӯи муллои 63-сола Озодбек Асматбеков тир кушодаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Рӯзи 17 сентябр Озодбек Асматбеков бо се захм аз тир ба бемористони ноҳия интиқол гардида, ҷарроҳӣ шудааст. «Ҳозир табибон ба назди ӯ даромаданро иҷозат намедиҳанд, то ки мо аз ӯ […]

ASIA-Plus



Дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ шахсони номаълум сӯи муллои 63-сола Озодбек Асматбеков тир кушодаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Рӯзи 17 сентябр Озодбек Асматбеков бо се захм аз тир ба бемористони ноҳия интиқол гардида, ҷарроҳӣ шудааст.

«Ҳозир табибон ба назди ӯ даромаданро иҷозат намедиҳанд, то ки мо аз ӯ нишондод гирем, аммо дар роҳ ба бемористон Асматбеков баҳуш буда, гуфтааст, соатҳои 10-и шаб ба боғ, ки гирдаш панҷара надорад, баромада, наздаш се мард омадаанд ва гӯгирд пурсидаанд. Ҳангоме ки ӯ гӯгирдро ба онҳо дароз карданӣ шудааст, яке аз мардҳо ба тирпарронӣ оғоз кардааст. Ӯ ҳеҷ касе аз онҳоро нашинохтааст», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, айни замон вазъи солимии Асматбеков қаноатбахш буда, ба ҳаёти ӯ ҳеҷ хавфе таҳдид намекунад. «Баъди иҷоза додани табибон мо бо ӯ дар бораи ҷузъиёти ҳодисаи шаби 17 сентябр муфассалтар суҳбат мекунем», – иброз дошт манбаъ.

Ӯ ҳамчунин халиф будани Озодбек Асматбековро рад намуд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, Асматбековро ҳама ҷодугар меноманд ва ӯ кайҳост, ки ба сеҳру ҷодуву тӯмордиҳӣ машғул будааст.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон аз рӯи ин ҳодиса санҷиш ҷараён дошта, мақсади ҳамлаи афроди ношинос маълум нест ва касе ҳам то ҳол гумонбар дониста нашудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.