Боздиди президент аз хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов ташриф оварда, аз фаъолияти токпарварони номдору собиқадори  хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ва «Ватан» шинос шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, хоҷагии деҳқонии «Ватан» ду хоҷагии оилавиро муттаҳид карда, соли 2008-ум ташкил шудааст. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 18 гектар […]

ASIA-Plus



Зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов ташриф оварда, аз фаъолияти токпарварони номдору собиқадори

 хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ва «Ватан»

шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, хоҷагии деҳқонии «Ватан» ду хоҷагии оилавиро муттаҳид карда, соли 2008-ум ташкил шудааст. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 18 гектар замин дорад, ки аз ин шумора 8 гектараш обӣ, 4 гектарро токзор ва боқимонда боғҳои донакдору тухмдор ташкил медиҳад ва дар он 18 нафар саҳмдор ҳамвора заҳмат мекашанд.

Президенти кишвар зимни боздиди худ аз заминҳои солҳои сол бекорхобидаи хоҷагӣ дидан кард, ки  баъди ворид кардани пойгоҳи обкашӣ 60 гектар замини санглохи хоҷагӣ аз нав ба гардиши кишоварзӣ даровардаю соли ҷорӣ токзори нав шинонида шуд. Барои шодоб кардани ин мавзеъ бо харҷи 700 ҳазор сомонӣ пойгоҳи интиқоли оби полезӣ ва 1,5 километр қубурҳои обгузар, се километр наҳри обгузар аз нав барқарор шуда, аз баракати он мавзеъи  40 сол ташналаб шодоб гардид.

Хоҷагии  деҳқонии «Хоҷӣ Неъмат» бошад, дар майдони 105 гектар замин доман густурдаааст, ки дар қисми бештари заминҳо бунёди токзори замонавиро ташкил медиҳад. Дар замини мазкур гандум кишт карда мешуд, ки аз норасоии об ҳосили ночиз мегирифтанд. Соли ҷорӣ бо иқдоми роҳбарияти хоҷагӣ аз қаламчаҳои дар ниҳолхонаи назди  хоҷагӣ  парвариш карда, ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед»-ро шинонидаанд, ки нашъунамои хуб доранд.

Аҳли заҳмат бо истифода аз ҳар як ваҷаб замини байни қатори токзорро самаранок истифода бурда, дар он 15 гектар тарбуз, 20 гектар помидору бодиринг кишт карданд, ки  аз як гектари он  40-50 тонна тарбуз ва аз 20 гектар помидору бодиринг 50-60 тонна ҳосил рӯёнидаанд. То имрӯз танҳо аз ҳисоби сабзавоту полезиҳо 150 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ворид шуда бошад ҳам, дар саҳро ҳанӯз ҳосил зиёд аст.

Баъди ба гардиши кишоварзӣ ворид шудани заминҳои ташналаб имкон даст дод, ки 100 нафар сокинони деҳаи Янгибоғи ҷамоати Ҷӯра Раҳмонов бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин шудаанд, ки маоши онҳо 600 сомонро ташкил менамояд. Айни замон аз ҳосили токпарварони хоҷагӣ тоҷирони Қирғизистону Қазоқистон ва Федератсияи Россия харидорӣ менамоянд. Ҷиҳати захира кардани ҳосили боғот масъулин сардхонаи замонавӣ бунёд кардаанд, ки ғунҷоиши он 500 тоннаро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба

хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»

ташриф оварда, дар ин хоҷагӣ ба фаъолияти сардхонаи замонавӣ асос гузошт. Феълан чунин сардхона дар Боғи сомон ба ҳашт адад расонида шуд. Ҳаҷми ғунҷоиши ҳар як сардхона бештар аз 50 тонна буда, бо маблағи аз 200 то 220 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Дар ҳашт сардхонаи замонавӣ аз 400 то 450 тонна маҳсулот, аз ҷумла ангур нигоҳдорӣ мешавад.

Хоҷагии деҳқонии Боғи Сомон баробари парвариши васеъи навъу намудҳои гуногуни ангур, инчунин ба парвариши чорвои калону майда машғуланд. Дар хоҷагӣ қариб 100 сар чорвои калони гуштӣ ва зиёда аз 5 ҳазор сар чорвои майда нигоҳубин карда мешавад, ки ҳамагӣ аз даромадҳои софи хоҷагӣ мебошад.

Ин хоҷагии деҳқонӣ бо бештар аз 580 гектар замин кораму боғот имрӯз зиёда аз 1100 саҳмдор дорад, ки ҳамагии онҳо қитъаи муайяни заминро ихтиёрдорӣ мекунанд. Шоликориву кишти хуроки чорво ҳам дар хоҷаги васеъ ба роҳ монда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.