Ифтитоҳи ду мактаби нав дар шаҳри Турсунзода

Дар доираи сафари кории президенти мамлакат ба шаҳри Турсунзода дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳр Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои зебои дуошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро мавриди истифода қарор дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои таълимӣ аз 5 бинои ду ошёна барои 800 нафар хонанда, аз  ҷумла 26 синфхонаи […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари кории президенти мамлакат ба шаҳри Турсунзода дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳр Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои зебои дуошёнаи

муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро

мавриди истифода қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои таълимӣ аз 5 бинои ду ошёна барои 800 нафар хонанда, аз  ҷумла 26 синфхонаи таълимӣ, 70 ҳуҷраи ёрирасон, 3 кабинети лабараторӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона, толори маҷлисгоҳ, толорӣ варзишӣ барои 180 ҷой нишаст ва 1 майдончаи варзишӣ иборат мебошад.

Дар деҳаи Тойчии ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода президенти мамлакат ба оғози фаъолияти

Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 119

асос гузошт.

Корҳои сохтмонӣ дар мактаби наву замонавӣ моҳи июли соли 2012 оғоз гардида, бо харҷи 23 миллиону 104 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи Барқии Обии «Роғун» бунёд гардидааст.

Муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат буда, 64 синфхона дорад. Мактаб аз озмоишгоҳҳои бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз, маҷлисгоҳ бо 560 ҷой, толори китобхонӣ, ошхонаи барҳаво, инчунин синфхонаҳои алоҳида барои ташаккули завқи зебоипарастии кӯдакону наврасон, толори варзишӣ бо 325 ҷой иборат мебошад, ки дар як баст 1176 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад. Айни замон 400 нафар фарзандони сокинони маҳаллаи навбунёд дар ин муассиса таҳсили илм мекунанд, ки аз ин шумора 250 нафарашон фарзандони муҳоҷирони экологӣ аз ноҳияи Нуробод мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.