Ҳамлаи Толибон ба шаҳри Қундуз дар шимоли Афғонистон

Дар шаҳри Қундузи, воқеъ дар қисмати шимолии Афғонистон артиши ин кишвар бо бо ҷангиёни гурӯҳи Толибон дар набард аст. Бино ба маълумоти хабаргузории Интерфакс  бо такя ба маълумоти мақомоти пулиси маҳаллӣ, ин ҳамла шаби рӯзи душанбе аз якчанд самт сурат гирифта, айни замон дар бораи ҳалокати 20 тан аз ҷангиёни иттилоъ дода мешавад. Миёни нерӯҳои […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Қундузи, воқеъ дар қисмати шимолии Афғонистон артиши ин кишвар бо бо ҷангиёни гурӯҳи Толибон дар набард аст.

Бино ба маълумоти хабаргузории

Интерфакс

 бо такя ба маълумоти мақомоти пулиси маҳаллӣ, ин ҳамла шаби рӯзи душанбе аз якчанд самт сурат гирифта, айни замон дар бораи ҳалокати 20 тан аз ҷангиёни иттилоъ дода мешавад. Миёни нерӯҳои ҳукумат низ талафот ҷой дорад. Дар якчанд мавзеъҳо даргириҳо то ҳол идома доранд.

Хабаргузории

Reuters

бо истинод ба маълумоти Забеҳулло Муҷоҳид, намояндаи Толибон дар Twitter дар ин робита менависад, ҷангиёни ҳаракати «Толибон» дар бораи ба ихтиёри худ гирифтани госпитал бо 200 кат дар шаҳри Қундуз хабар додаанд.

Гуфта мешавад, агар ҷангиён яке аз даромадгоҳҳои шаҳрро ба ихтиёри худ гиранд, назорати он аз ҷониби нерӯҳои ҳукумат хеле мушкил мегардад. Дар музофоти Қундуз роҳҳои аз нигоҳи стратегӣ муҳими Афғонистон ба ҳам меоянд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», дар вилояти Нангарҳори Афғонистон беш аз 300 нафар силоҳбадаст ба дидбонгоҳҳои кормандони моқомоти полис

ҳамла карда

, дар натиҷаи даргирии мусаллаҳона миёни ҳамлагарон ва кормандони воҳидҳои низомӣ 35 нафар мухолифи мусаллаҳ безарар гардонида шуд.

Ҳамчунин

бар асари таркиш

дар варзишгоҳи вилояти Пактикои Афғонистон 10 нафар ҷон бохта, ҳамчунин зиёда аз 30 кас захмӣ гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.