Дархости манъи фаъолияти ҲНИТ аз Суди олӣ

Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо хоҳиши манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Суди олии кишвар дархост ирсол намуд. Ин маълумотро дар Суди олии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» тасдиқ карданд. Аммо аз додани маълумоти саҳеҳ дар бораи маҳз кадом рӯз ирсол шудани дархостнома аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ва кадом далелҳо оварда шудан дар ин санад манбаъ худдорӣ […]

ASIA-Plus



Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо хоҳиши манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Суди олии кишвар дархост ирсол намуд.

Ин маълумотро дар Суди олии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» тасдиқ карданд. Аммо аз додани маълумоти саҳеҳ дар бораи маҳз кадом рӯз ирсол шудани дархостнома аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ва кадом далелҳо оварда шудан дар ин санад манбаъ худдорӣ варзид. Ба «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки аз Прокуратураи генералӣ дар ин хусус маълумот дастрас намояд.

Дар ҳамин ҳол, сарчашмаи огаҳ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин робита иттилоъ дод, ки ҲНИТ террористӣ эълон шуда, истифодаи тамоми адабиёти марбут ба ин ҳизби сиёсӣ, аз ҷумла фаъолияти сомонаи расмии он дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҲНИТ-ро ба робита доштан ба кӯшиши ошӯби мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар генерал Абдуҳалим Назарзода ва раиси ҳизб Муҳиддин Кабириро ба роҳбарӣ дар ин ошӯб муттаҳам кард. Санаи 16 сентябри соли равон 13 аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар Душанбе боздошт шуда, айни замон дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ қарор доранд.

Бузургмеҳр Ёров, адвокати аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 

қаблан изҳор намуд

, ки ҳамаи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ робита доштанашон ба ошӯби генерал Назарзодаро рад кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.