Фавти ду зоири тоҷикистонӣ дар адои маросими ҳаҷи имсола

Зимни адои маросими ҳаҷҷи имсола дар макони муқаддасти ислом ду тан аз зоирини тоҷик фавтиданд. Бино ба маълумоти Кумита оид ба корҳои дини Тоҷикистон, дар рӯзҳои ахири адои маносики ҳаҷ бар асари бемории қалб сокини 66-солаи шаҳри Турсунзода Тоҷиева Гулсара ва сокини 51-солаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Норова Соҷида аз олам даргузаштаанд. Роҳбарияти Кумита оид […]

ASIA-Plus



Зимни адои маросими ҳаҷҷи имсола дар макони муқаддасти ислом ду тан аз зоирини тоҷик фавтиданд.

Бино ба маълумоти Кумита оид ба корҳои дини Тоҷикистон, дар рӯзҳои ахири адои маносики ҳаҷ бар асари бемории қалб сокини 66-солаи шаҳри Турсунзода Тоҷиева Гулсара ва сокини 51-солаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Норова Соҷида аз олам даргузаштаанд.

Роҳбарияти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милллии назди ҳукумати Тоҷикистон ва ситоди “Ҳаҷ-2015” ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқи худро баён медорад.

Қобили зикр аст, ки аз

ду ҳодисаи фоҷеабор дар мавсими ҳаҷи имсола

, ки ба марги зоирони зиёд аз мамолики гуногун боис гардид, аз ҳоҷиёни Тоҷикистон касе осеб надид.

Ёдрас мекунем, ки соли равон 6,2 ҳазор нафар тоҷикистониён барои адои маросими ҳаҷ ба макони муқаддаси ислом раҳсипор гардиданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.