Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Барномаи рушди СММ дар Ню-Йорк

Рӯзи 28 сентябри соли 2015 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Дабири Кулл, маъмури Барномаи Рушди СММ Ҳелен Кларк мулоқот кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо ин ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои сершумори ҳамкорӣ […]

ASIA-Plus



Рӯзи 28 сентябри соли 2015 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Дабири Кулл, маъмури Барномаи Рушди СММ Ҳелен Кларк мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо ин ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои сершумори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

“Мо аз сатҳи ҳамкориҳо бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба хотири дастёбӣ ба афзалиятҳои асосии стратегии Ҳукумати Тоҷикистон дар арсаи рушд қаноатмандем, -изҳор дошт дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд,  ки Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар ҷодаи тавсеаи имконот ва афзун гардонидани нерую захираҳои Ҳукумати Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом додааст. Ва мо аз ин хеле сипосгузор буда, ба дастгирии минбаъдаи ҳамаҷонибаи Барномаи рушд умед дорем”.

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳелен Кларк барои иштирокаш дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар давоми солҳои 2005-2015, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, бори дигар изҳори сипос намуд.

Ҷонибҳо аз қабул гардидани ду санади басо муҳим  Барномаи қолабии СММ оид ба кумакрасонӣ ба хотири рушд барои солҳои 2016-2020 (ЮНДАФ) ва Барномаи кишварӣ барои солҳои 2016-2020, ки бо афзалиятҳои ҷорӣ ва стратегии Тоҷикистон ва ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар арсаи рушди устувор дар давраи 15 соли минбаъда мувофиқу созгоранд изҳори қаноатмандӣ карданд.

Мусоҳибон Нақши Барномаи рушд дар ҳаллу фасли масъалаҳои наздисарҳадӣ ва минтақавие, ки ба ҳамкории иқтисодӣ ва таъмини амният иртибот доранд, хеле арзишманд арзёбӣ намуда, ба ҳайси намунаи рушди ҳамкории наздисарҳадӣ лоиҳаи «Ибтикори Тоҷикистону Афғонистон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ» барои солҳои 2010-2012 ва лоиҳаи сесола таҳти унвони «Беҳдошти некуаҳволии аҳолӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон»ро қобили зикри хоса маънидод карданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба татбиқи лоиҳаҳо барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, бунёди инфрасохтори деҳот, рушди соҳибкорӣ ва савдои наздисарҳадӣ, омӯзиши касбӣ ва мусоидат ба таҳкими амнияту суботи минтақавӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.