Боздиди намояндаи ВКХ Британия аз парлумони Тоҷикистон

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода бо Сардори шуъбаи департаменти Осиёи Марказӣ ва Аврупои шарқии вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир Ҳелен Волкер дидору гуфтугӯ анҷом дод. Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ , раиси кумитаи палатаи поёнии парлумон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва […]

ASIA-Plus



Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода бо Сардори шуъбаи департаменти Осиёи Марказӣ ва Аврупои шарқии вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир Ҳелен Волкер дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Бино ба иттилои

сомонаи расмии МНМО ҶТ

, раиси кумитаи палатаи поёнии парлумон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Британияи Кабир муносиботи зиёда аз 20-солаи дипломатӣ дошта, дар ин муддат равобити ду кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаааст ва чандин шартнома ва созишномаҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расидаанд.

Олимҷон Салимзода  таъкид кард, ки густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Британия метавонад омили муҳиме ҷиҳати таҳкими равобити Душанбе ва Лондон дар соҳаҳои мухталиф гардида,  миёни Тоҷикистону Британияи Кабир ҳоло имкониятҳои истифода нашуда хеле зиёд аст ваДушанбе метавонад бо Лондон, пеш аз ҳама, дар таъсиси корхонаҳои гуноугни муштарак ва дигар соҳаҳо ҳамкориҳои мутақобиланд судмандро барои ҳарду ҷониб ба роҳ монад.

Сардори шуъбаи департаменти Осиёи Марказӣ ва Аврупои шарқиии вазорати корҳои хориҷии Англия Ҳелен Волкер дар навбати худ иброз дошт, ки ҳамчун дипломат ва намояндаи кишвараш аз тамоми имконот барои боз ҳам тақвият ёфтани равобити дуҷонибаи Лондон ва Душанбе истифода хоҳад кард.

«Британияи Кабир ҳамеша омода аст, ки бо Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо ҳамкориҳои густурда дошта бошад. Мо ҳамеша аз мавқеи Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуда, хостори пешрафту шукуфоии ҳамаи соҳаҳои ин кишвар ва баланд гардидани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ҳастем», – гуфтааст  Ҳелен Волкер.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.