Э.Раҳмон дар Ню-Йорк оид ба лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон маълумот дод

Рӯзи 28 сентябр дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар қароргоҳи СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат , Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро аз қарору тавсияҳои Барномаи амали Алмаато ва Барномаи амали Вена барои кишварҳои рӯ […]

ASIA-Plus



Рӯзи 28 сентябр дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар қароргоҳи СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои

хадамоти матбуоти сарвари давлат

, Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро аз қарору тавсияҳои Барномаи амали Алмаато ва Барномаи амали Вена барои кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ дар солҳои 2014-2024 баён намуд.

Президент дар суханронии худ изҳори умедворӣ кард, ки “мавқеи умумӣ доир ба нақшаи амали даҳсола бо шаш минтақаи афзалиятноки он, ки аз тарафи Маҷмааи Умумии СММ қабул гаштааст, ҷиҳати тағйири сохтории иқтисодиёт ва инфрасохтори мо, инчунин барои пешбурди ҳамкорию ҳамгироии минтақавӣ саҳм хоҳад гузошт”.

Сипас Президенти кишвар аз таваҷҷӯҳи Тоҷикистон ба пешбурди тиҷорати минтақавӣ ва пешравиҳои назарраси мамлакати мо дар роҳи инкишофи шабакаи нақлиётиву муносибати махсус ба иқтидорҳои транзитӣ ва коммуникатсионӣ ҳарф зада, чунин гуфт: “Ба мақсади соддагардонии қоидаҳои гумрукӣ ва муқаррароти он фаъолияти низоми “Равзанаи ягона” ба роҳ монда шуд ва Шартномаи Апостил тасдиқ карда шуд. Мо инчунин ҷиҳати ҷалби сармоягузорон ва иҷрои барномаи миллии пешбурди тиҷорат ва ҳамлу нақл чор минтақаи озоди иқтисодии фаъолро таъсис додем. Гузашта аз ин, Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла: мулоқоти даҳуми Комиссияи Байниҳукуматии Долони Нақлиётии Байналмилалии Аврупо-Кавказ-Осиё (TРАСЕКА); Конфронси Байналмилалии сатҳи олӣ оид ба рушди иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2023; Форуми якуми сармоягузорӣ доир ба татбиқи Нақшаи Амали Созмони Ҳамкории Исломӣ (OИC) оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро мизбонӣ кард», – қайд кард президенти Тоҷикистон.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин мақоми махсуси сохтмони пули энергетикӣ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (КАСА-1000), ки ба афзоиши содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба бозорҳои ниёзманди энергетикии Афғонистон ва Покистон мусоидат менамояд қайд намуда, изҳори умед, кард, ки “татбиқи ин лоиҳа чун муҳаррики рушди тиҷорат хизмат карда, тавлиди маҳсулоти саноатӣ ва таъмини амнияти энергетикиро дар ҳар ду минтақа иҷро хоҳад кард”.

Дар фарҷоми суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки “бо дарназардошти мушкилоти зикршуда кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ барои муваффақона амалӣ намудани барномаи нави рушди устувор ҳанӯз ҳам ба пуштибонии қавии байналмилалӣ ниёз доранд” ва изҳори умед кард, ки Созмони Милал метавонад ва бояд нақши пешбаранда ва ҳамоҳангсози хешро дар амри расонидани кумакҳои техникиву молиявӣ ба кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ идома диҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.