Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт ҷаласаи кории минтақавӣ оид ба масъалаи пурзӯр намудани назорат, пешгирӣ ва табобати байнисарҳадии бемории сил байни муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Миёна ва аъзои оилаҳои онҳо ба кори худ идома медиҳад. Оғоз соати 09-00; – Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байнулмилалии тарҷумонҳо як қатор чорабиниҳо доир мегарданд; – […]

ASIA-Plus



Анонс



– Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт ҷаласаи кории минтақавӣ оид ба масъалаи пурзӯр намудани назорат, пешгирӣ ва табобати байнисарҳадии бемории сил байни муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Миёна ва аъзои оилаҳои онҳо ба кори худ идома медиҳад. Оғоз соати 09-00;

– Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байнулмилалии тарҷумонҳо як қатор чорабиниҳо доир мегарданд;

– Дар варзишгоҳи Al Kuwait Sports Club Stadium Kaifan- и Кувайт миёни дастаҳои футболи «Кувайт» (Кувайт) ва «Истиқлол» (Душанбе) бозии якуми даври нимфиналии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 доир мегардад. Оғози бозӣ соати 21:20 дақиқа бо вақти Душанбе.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.4565

сомонӣ;


1

евро –

7.2358

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.103


9



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих



Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ.


1994

– Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонов дар иҷлосияи 49-уми Маҷмаъи умумии СММ маърӯза кард.


1997

– Анҷоми ба ватан баргардонидани гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон.


1997

– Ифтитоҳи қитъаи роҳи Қӯрғонтеппа-Саргазони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб.


2011

— Дар вилояти Суғд мурофиа оид ба баррасии парванда нисбати муассиси нахустин Суди ҳакамӣ оғоз гардид.


1207-1273

– Зодрӯзи шоири тоҷику форс ва мутафаккир Ҷалолиддини Румӣ.


1920-1979

– Мавлуди коргардони кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Борис Кимёгаров.


1946

– Зодрӯзи меъмор Баҳовиддин Зуҳуриддинов.


1947

– Мавлуди доктори улуми биологӣ, профессор Тоҳирҷон Сатторов.


1948

– Зодрӯзи собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришоти назаррас, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад (баландии беш аз 3000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +5+10, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона -2-7, рӯзона +7+12.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришоти назаррас, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад (баландии беш аз 3000 метр барф).    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +19+24. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +28+30.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +29+31.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +26+28.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +21+23.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов