Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта таҳти раёсати муовини раиси КМИР Саидбой Зокиров доир мегардад, ба овозхони опера, директори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Миралӣ Достиев ҳуқуқи вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дода мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, М.Достиев ҳуқуқи вакил будан дар парлумонро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соҳиб мешавад.
Аввали моҳи октябр Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуда, курсии вакилӣ тибқи рӯйхати ҲХДТ холӣ шуд. Низом Қосим вакили аввалини даъвати кунунӣ аз ҲХДТ аст, ки бинобар сабаби ба мансаб бо пардохти маош интихоб шуданаш, курсии вакилиро тарк кард.
Ёдрас мекунем, ки дар интихоботи 1 март ба палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҲХДТ – 16 нафар, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 3 нафар, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 2 нафар ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 1 нафар вакилон ба парлумон роҳ ёфтанд.
Маълумотнома:
Миралӣ Достиев 15 октябри соли 1958 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Овозхони опера. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон. Хатмкардаи Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.
Солҳои 1981 – 2002 – овозхони Театри опера ва балети Тоҷикистон.
Аз соли 2006 то соли 2013 ба ҳайси муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Солҳои 2002-2006 ва аз соли 2013 – директори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ.



