Геологҳои Чин ба ҷустуҷӯи тилло дар кони «Хирсхона» идома медиҳанд

Раҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҷараёни корҳои иктишофи геологӣ дар кони тиллои «Хирсхона» қаноатманд аст. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Саридораи геология, чанд рӯз қабл сардори корхона Мурод Хол зимни сафар ба шаҳри Панҷакент бо раҳбарияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин «Зарафшон» дидору гуфтушунид анҷом дода, зимни мулоқот масоили марбут ба ҷараёни корҳои иктишофи […]

ASIA-Plus



Раҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҷараёни корҳои иктишофи геологӣ дар кони тиллои «Хирсхона» қаноатманд аст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Саридораи геология, чанд рӯз қабл сардори корхона Мурод Хол зимни сафар ба шаҳри Панҷакент бо раҳбарияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин «Зарафшон» дидору гуфтушунид анҷом дода, зимни мулоқот масоили марбут ба ҷараёни корҳои иктишофи геологӣ дар кони «Хирсхона» баррасӣ шуданд ва Мурод Хол аз рафти ин корҳо қаноатмандӣ изҳор намудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз Саридораи геология ба «Азия-Плюс» дар ин робита гуфтанд, дар бораи ҳаҷми захираҳои кони «Хирсхона» ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст ва айни замон мутахассисони Чин дар он ҷо корҳои пармакуниро анҷом дода, танҳо баъди ба итмом расидани он, метавон дар бораи захираҳои ин кон маълумот ба даст овард.

Ба иттилои манбаъ, корхои иктишофи геологӣ дар кони «Хирсхона» бо маблағгузории ширкати Zijin Mining Group Co.Ltd-и Чин – сармоягузори асосии корхонаи муштараки «Зарафшон» амалӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки қаблан соли 2013 собиқ сардори Саридораи геология Азим Иброҳим ба журналистон изҳор намуда буд, ки дар кони «Хирсхона» захираҳои нави тилло кашф шудаанд ва натиҷаҳои иктишофи геологӣ нишон додаанд, ки дар қабатҳои кон беш аз 1 тонна тиллои дараҷаи саноатӣ, ҳудуди 7 тонна тиллои ғайрисаноатӣ ва боз наздики 4 тонна захираҳои пешакии ин металли қиматбаҳо мавҷуданд, ки минбаъд аз истихроҷи 10 тонна тилло аз ин кон метавон интизорӣ дошт.

«Таркиби тилло дар 1 тонна маъдан дар қабатҳои берунаи кони «Хирсхона» аз 2 то 3 граммро ташкил медиҳад», – таъкид дошта буд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.