Ҳалокати 11 шаҳрванди Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат дар роҳҳои мошингард

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда (3-4 октябр) бар асари 6 ҳодисаи садамаи нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ 11 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Ронандаи автомашинаи тамғаи “КИА-VESTA”, марди 28-солаи сокини ш.Душанбе ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Қурғонтеппа дар ҳудуди ноҳияи Хуросон бехатарии ҳаракат дар роҳро […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда (3-4 октябр) бар асари 6 ҳодисаи садамаи нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ 11 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Ронандаи автомашинаи тамғаи “КИА-VESTA”, марди 28-солаи сокини ш.Душанбе ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Қурғонтеппа дар ҳудуди ноҳияи Хуросон бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба қисми қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, таҳти идораи ронанда, марди 20-солаи сокини ноҳияи Панҷ бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “КИА-VESTA” ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳудуди деҳаи Навободи ноҳияи Панҷакент, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 64-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Панҷакент-Айнӣ, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, автомашинаашро чаппа кардааст. Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофиронаш: марди 65-сола ва зани 47-солаи сокинони шаҳри Панҷакент ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигар, марди 28-солаи сокини шаҳри мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Фархор, ронандаи трактори тамғаи “Т-28”, марди 62-солаи сокини ҳамин ноҳия, ҳангоми ҳаракат, бо чархи қафояш ноболиғ, духтарчаи 8-солаи сокини ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа ноболиғ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 21-солаи сокини н. Рашт ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Нуробод ба самти ноҳияи Рашт, ба автомашинаи тамғаи “Шаанхи”, таҳти идораи ронанда, марди 32-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ва мусофири автомашинаи мазкур марди 49-солаи сокини ноҳияи Рашт, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Инчунин, мусофирони автомашинаи тамғаи “Шаанхи” марди 38-сола ва 50-солаи сокинони ноҳияи Ваҳдат ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Ҳамчунин, ронандаи мототсикли тамғаи “Алпан”, марди 39-солаи сокини ноҳияи Қумсангир, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ, аз ӯҳдаи идораи мототсикл набаромада, ба ҷӯйбори обгузар бархӯрда, чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронандаи мототсикл ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Хово”, марди 40-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат аз самти н. Ёвон ба самти ноҳияи А.Ҷомӣ, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Тутбулоқи нав, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди хурдсол, духтарчаи 7-сола, хонандаи синфи 1-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, сокини деҳаи Тутбулоқи навро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин дар ин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 32-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат  бо роҳи нақлиётгарди Айнӣ-Панҷакент, дар ҳудуди бошишгоҳи саҳроии хоҷагии деҳқонии “Мирзобобо” бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди ноболиғ, писарбачаи 10-сола, хонандаи синфи 3-юми мактаби таҳсилоти умумӣ, сокини деҳаи Марғедарро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин тариқ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, марди 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Рӯдакӣ, дар шоҳроҳи деҳаи Чорсу, ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард, марди 28-солаи сокини деҳаи Чорсуро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.