Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон «аз хатари афзояндаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» нигаронӣ изҳор мекунад.
Ба андешаи ҳомиёни ҳуқуқи СММ, ин хатарҳо ба ҳабси аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон марбутанд.
«Суди олии Тоҷикистон бо қарори худ аз 29 сентябр фаъолияти ҲНИТ-ро манъ намуда, онро ба рӯйхати созмонҳои «ифротгаро ва террористӣ» шомил кард. Қаблан санаи 17 сентябр намояндагони Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки якчанд аъзои ҲНИТ дар доираи тадбирҳо барои пешгирии амалҳои терористӣ ба ҳабс гирифта шуданд», – қайд кардааст намояндаи Раёсати мазкур Равина Шамдасани зимни брифинг дар Женева.
Ӯ таъкид доштааст, ки ҳукуматдорон аъзои ҲНИТ-ро ба содир кардани ҳамлаи мусаллаҳона ба шуъбаи милиса муттаҳам карданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса 39 нафар, аз ҷумла 14 корманди мақомоти милиса ба ҳалокат расиданд.
Раёсати ҳуқуқи башари СММ ҳукумати Тоҷикистонро ба таъмини риояи ҳуқуқи байнулмилалӣ дар ҷараёни мубориза бо «терроризм» ва «ифротгароӣ» даъват кард.
Дар Раёсат хотиррасон намудаанд, ки шароити нигаҳдории айбдоршавандагон бояд ба талабот ва меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқат дошта бошад.



