Тамошои Эмомалӣ Раҳмон аз бозии хоккей бо иштироки Путин



Шоми рӯзи 7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия рафти бозии хоккей бо иштироки Владимир Путин ва собиқадорони маъруфу машҳури ин навъи варзиш дар Русия ва ҷаҳонро тамошо кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Владимир Путин гуфтааст, бо ин бозӣ мавсими панҷуми бозиҳои Лигаи шабонаи хоккей дар Русия оғоз меёбад.

Президенти Русия дар ҳайати дастаи «Ситораҳои НХЛ» (Лигаи миллии хоккей) бо дастаи мунтахаби НХЛ қувваозмоӣ намуд.

Бозӣ бо ҳисоби 15–10 ба фоидаи дастаи «Ситораҳои НХЛ», ки Валадимир Путин шомили он буд, ба поён расид.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин бозӣ дар рӯзи зодрӯзи 63-юми Владимир Путин дар қасри бузурги хоккейи Сочи баргузор шуд.

spot_imgspot_img

Популярное