Маҳсулоти ширкатҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи савдо ва сайёҳӣ дар Сеул

Дар чаҳорчӯби 9-мин Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея – Осиёи Марказӣ аввалин Намоишгоҳи тиҷоратӣ-сайёҳии кишварҳои узви Форум зери унвони “Road Show” баргузор гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, намоишгоҳи мазкур бо буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳо ифтитоҳ шуда, дар он асарҳои фарҳангӣ, намоиши имкониятҳои сайёҳӣ ва намунаи маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии хурду бузурги […]

ASIA-Plus



Дар чаҳорчӯби 9-мин Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея – Осиёи Марказӣ аввалин Намоишгоҳи тиҷоратӣ-сайёҳии кишварҳои узви Форум зери унвони “Road Show” баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, намоишгоҳи мазкур бо буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳо ифтитоҳ шуда, дар он асарҳои фарҳангӣ, намоиши имкониятҳои сайёҳӣ ва намунаи маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии хурду бузурги Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои узви Форум ба намоиш гузошта шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи мазкур Вазорати фарҳанг, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҷавон, варзиш ва сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноат ва инчунин ширкатҳои ҶДММ “Исфарафуд”, ҶДММ “Абрикос”, ҶДММ “Макколӣ”, ҶДММ “Манучеҳр” ва хоҷагии асалпарварии “Кароматулло” муаррифӣ намуданд.

Дар доираи Намоишгоҳи мазкур созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ширкатҳои Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.