Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» дар назар аст, ки аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия шудааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ин тағийрот бо ташаббуси Вазорати молия пешниҳод шуда, моҳияташ дар он аст, ки акнун минбаъд барои ба нафақа баромадан, намояндагони сохторҳои қудратии Тоҷикистон бояд на камтар аз 25 соли тақвимӣ хизмат кунанд. Айни замон хизматчиёни ҳарбӣ пас аз гузаштани муҳлати муайяни хизмат ба нафақа мебароянд.
Ба андешаи чанде аз намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ташаббускорони ворид намудани чунин тағйирот огоҳ нестанд, ки беихтиёр зиён овардан ба пояҳои сулҳ ва субот дар кишварро пешниҳод доранд.
«Онҳо намедонанд, ки баъди чунин пешниҳодҳо шумори одамоне, ки бо хатар барои ҳаёташон ва музди ночизе шабонарӯзӣ бидуни хобу истироҳат ва дур аз оилаашон кор карда, ба Ватан хизмат мекунанд, бамаротиб кам шуда, ҷойи онҳоро ғайриҳирфаиён ва ҳатто ҷинояткорон бо мақсадҳои нопок гирифта метавонанд, ки ба муҳофизати на худу на сохти конститутсионӣ қодир нестанд. Чунин афрод огаҳ нестанд, ки кормандони сохторҳои қудратӣ қариб ҳамеша шабонарӯзӣ дар коранд, чӣ будани иду рӯзи истироҳатро намедонанд. Огаҳ нестанд, ки кормандони сохторҳои қудратӣ зимни ҳама гуна чорабиниҳои давлатӣ ба реҷаи ба истилоҳ адои хизмати шабонарӯзӣ (мудом дар казарма қарор доштан) мегузаранд ва барои ин пардохти иловагӣ намегиранд», – ибрози назар кард дар ин хусус яке аз собиқ кормандони сохторҳои қудратӣ.
Дар ҳамин ҳол, сарчашмаҳои «Азия-Плюс» дар ҳукумат ва парлумони ҷумҳурӣ дар мавриди ин масъала қайд карданд, ки дар долонҳои ҳукумат ва парлумон ин тағйирот баҳсҳои зиёди зидду нақизро дар пай хоҳад дошт.
Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон ҳамчунин масоили марбут ба ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи тухимпарварӣ», «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия» ва «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» низ баррасӣ мешаванд.



