Дар Тоҷикистон синнусоли нафақаи низомиёнро то 25 сол афзуданианд

Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» дар назар аст, ки аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ин тағийрот бо ташаббуси Вазорати молия пешниҳод шуда, […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» дар назар аст, ки аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ин тағийрот бо ташаббуси Вазорати молия пешниҳод шуда, моҳияташ дар он аст, ки акнун минбаъд барои ба нафақа баромадан, намояндагони сохторҳои қудратии Тоҷикистон бояд на камтар аз 25 соли тақвимӣ хизмат кунанд. Айни замон хизматчиёни ҳарбӣ пас аз гузаштани муҳлати муайяни хизмат ба нафақа мебароянд.

Ба андешаи чанде аз намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ташаббускорони ворид намудани чунин тағйирот огоҳ нестанд, ки беихтиёр зиён овардан ба пояҳои сулҳ ва субот дар кишварро пешниҳод доранд.

«Онҳо намедонанд, ки баъди чунин пешниҳодҳо шумори одамоне, ки бо хатар барои ҳаёташон ва музди ночизе шабонарӯзӣ бидуни хобу истироҳат ва дур аз оилаашон кор карда, ба Ватан хизмат мекунанд, бамаротиб кам шуда, ҷойи онҳоро ғайриҳирфаиён ва ҳатто ҷинояткорон бо мақсадҳои нопок гирифта метавонанд, ки ба муҳофизати на худу на сохти конститутсионӣ қодир нестанд. Чунин афрод огаҳ нестанд, ки кормандони сохторҳои қудратӣ қариб ҳамеша шабонарӯзӣ дар коранд, чӣ будани иду рӯзи истироҳатро намедонанд. Огаҳ нестанд, ки кормандони сохторҳои қудратӣ зимни ҳама гуна чорабиниҳои давлатӣ ба реҷаи ба истилоҳ адои хизмати шабонарӯзӣ (мудом дар казарма қарор доштан) мегузаранд ва барои ин пардохти иловагӣ намегиранд», – ибрози назар кард дар ин хусус яке аз собиқ кормандони сохторҳои қудратӣ.

Дар ҳамин ҳол, сарчашмаҳои «Азия-Плюс» дар ҳукумат ва парлумони ҷумҳурӣ дар мавриди ин масъала қайд карданд, ки дар долонҳои ҳукумат ва парлумон ин тағйирот баҳсҳои зиёди зидду нақизро дар пай хоҳад дошт.

Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон ҳамчунин масоили марбут ба ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи тухимпарварӣ», «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия» ва «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» низ баррасӣ мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.