Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба президенти амалкунандаи Беларус Александр Лукашенко ба муносибати пирӯзиша дар интихоботи навбатии президентии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон таъкид мешавад: «Мо ин хабарро бо шодмонии хоса дарёфтем. Такроран интихоб шудани Шумо далели равшани боварии олист, ки ба роҳбарӣ ва хатти машйи Шумо дар роҳи шукуфонии кишвар, беҳсозии некуаҳволии мардум ва болобарии бемайлони обрӯи давлати Белорус дар арсаи ҷаҳон зоҳир мегардад».
Дар идомаи барқия зикр мегардад, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои зичи мушорикат бо Ҷумҳурии Беларус, ки ҷавобгӯӣ манофеи миллии ҳар ду давлатанд, баҳои баланд дода, бовар дорад, ки ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Беларус дар заминаи принсипҳои эҳтироми якдигар ва дарназардошти манофеи дуҷониба рушду густариш тоза меёбад.
«Бо истифода аз фурсат омодагии моро дар роҳи якҷоя бо Шумо ба харҷ додани саъю кӯшишҳои зиёд барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус иброз медорам», – омадааст дар барқияи табрикии сарвари давлати Тоҷикистон.



