Эмомалӣ Раҳмон Александр Лукашенкоро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба президенти амалкунандаи Беларус Александр Лукашенко ба муносибати пирӯзиша дар интихоботи навбатии президентии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон таъкид мешавад: «Мо ин  хабарро   бо шодмонии хоса дарёфтем. Такроран интихоб шудани Шумо далели  равшани боварии олист, ки ба роҳбарӣ ва  […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба президенти амалкунандаи Беларус Александр Лукашенко ба муносибати пирӯзиша дар интихоботи навбатии президентии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон таъкид мешавад: «Мо ин  хабарро   бо шодмонии хоса дарёфтем. Такроран интихоб шудани Шумо далели  равшани боварии олист, ки ба роҳбарӣ ва  хатти  машйи Шумо  дар роҳи шукуфонии  кишвар, беҳсозии некуаҳволии мардум  ва  болобарии  бемайлони  обрӯи давлати  Белорус  дар  арсаи  ҷаҳон  зоҳир мегардад».

Дар идомаи барқия зикр мегардад, ки Тоҷикистон  ба муносибатҳои  зичи  мушорикат  бо Ҷумҳурии  Беларус, ки  ҷавобгӯӣ  манофеи  миллии ҳар  ду давлатанд, баҳои баланд  дода, бовар дорад, ки  ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону  Беларус  дар  заминаи  принсипҳои  эҳтироми якдигар  ва дарназардошти  манофеи дуҷониба рушду  густариш тоза меёбад.

«Бо  истифода  аз  фурсат омодагии  моро   дар  роҳи якҷоя бо  Шумо ба  харҷ  додани  саъю  кӯшишҳои  зиёд  барои  рушду  густариши  минбаъдаи  ҳамкории  мутақобилан  судманди  миёни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҷумҳурии  Беларус  иброз  медорам», – омадааст дар барқияи табрикии сарвари давлати Тоҷикистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.