Бо ташаббус ва дастгирии вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як зумра ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» ба Русия сафар намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҷавононро сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва ҳайати расмии сафоратхона дар шаҳри Москва пешвоз гирифта, зимни вохӯрии ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» бо намояндагони сафорат масъалаҳои тарғибу ташвиқи унсурҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, пешгирии ақидаҳои ифротгароёна ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар вохӯрӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ, диаспораҳои тоҷик ва ҷавонони фаъоли тоҷикистонӣ дар Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мавриди қайд аст, ки ҳайати гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг»-ро намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ, мушовири калони вазир полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб ҳамроҳӣ менамояд.
Гуфта мешавад, ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» дар доираи сафар аллакай бо намояндагони созмонҳо ва диаспораҳои тоҷик, аз ҷумла Гавҳар Ҷӯраева – роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Тоҷикистон» ва раиси созмони «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов вохӯрӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ, масъалаҳои ҳаёту фаъолияти ҷавонони тоҷик дар Русия, нигоҳ доштани урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона, ақидаҳои ифротгароёна ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» бо ҷавононе, ки дар марказҳои калони савдои «Садовод» ва «Южные ворота»-и шаҳри Москва кору фаъолият доранд, вохӯрӣ доир намуданд, ки дар ин ду марказ беш аз 5000 нафар ҷавонони тоҷик дар бахшҳои гуногуни савдою хизматрасонӣ бо касбҳои гуногун кор мекунанд.
Дар ҷараёни суҳбат ба ҷавонони тоҷик аз ҷониби гурӯҳи «Пешоҳанг» дастовардҳои Тоҷикистон дар замони Истиқлолият пешкаш гардида, ҳамчунин дар мавзӯҳои эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, пешгирии ақидаҳои ифротӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта сӯҳбатҳои судманд гузаронида шуд.



