Вохӯрии намояндагони гурӯҳи «Пешоҳанг» бо тоҷикистониёни Русия

Бо ташаббус ва дастгирии вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як зумра ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» ба Русия сафар намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҷавононро сафири Тоҷикистон дар Русия  Имомуддин Сатторов ва ҳайати расмии сафоратхона дар шаҳри Москва пешвоз гирифта, зимни вохӯрии ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» бо намояндагони сафорат масъалаҳои тарғибу ташвиқи […]

ASIA-Plus



Бо ташаббус ва дастгирии вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як зумра ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» ба Русия сафар намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҷавононро сафири Тоҷикистон дар Русия  Имомуддин Сатторов ва ҳайати расмии сафоратхона дар шаҳри Москва пешвоз гирифта, зимни вохӯрии ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» бо намояндагони сафорат масъалаҳои тарғибу ташвиқи унсурҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, пешгирии ақидаҳои ифротгароёна ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар вохӯрӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ, диаспораҳои тоҷик ва ҷавонони фаъоли тоҷикистонӣ дар Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мавриди қайд аст, ки ҳайати гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг»-ро намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ, мушовири калони вазир полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб ҳамроҳӣ менамояд.

Гуфта мешавад, ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» дар доираи сафар аллакай бо намояндагони созмонҳо ва диаспораҳои тоҷик, аз ҷумла Гавҳар Ҷӯраева – роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Тоҷикистон» ва раиси созмони «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов вохӯрӣ анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ, масъалаҳои ҳаёту фаъолияти ҷавонони тоҷик дар Русия, нигоҳ доштани урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона, ақидаҳои ифротгароёна ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» бо ҷавононе, ки дар марказҳои калони савдои «Садовод» ва «Южные ворота»-и шаҳри Москва кору фаъолият доранд, вохӯрӣ доир намуданд, ки дар ин ду марказ беш аз 5000 нафар ҷавонони тоҷик дар бахшҳои гуногуни савдою хизматрасонӣ бо касбҳои гуногун кор мекунанд.

Дар ҷараёни суҳбат ба ҷавонони тоҷик аз ҷониби гурӯҳи «Пешоҳанг» дастовардҳои Тоҷикистон дар замони Истиқлолият пешкаш гардида, ҳамчунин дар мавзӯҳои эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, пешгирии ақидаҳои ифротӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта сӯҳбатҳои судманд гузаронида шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.