Ҳузури хизматчиёни давлатӣ дар намозҳои ҷумъа дар Тоҷикистонро манъ карданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» чанде аз мансабдорони давлатӣ хабар доданд. Онҳо изҳор доштанд, ки қаблан барои ба намози ҷумъа рафтани онҳо ҳеҷ монеъае вуҷуд надошт.
«Аммо тайи ду ҳафтаи ахир баъди Иди Қурбон раҳбарият аз ҷойи корӣ ба намози ҷумъа рафтани моро манъ кард», – гуфт ба «Азия-Плюс» як тан аз хизматчиёни давлатӣ.
Ин маълумотро ба «Азия-Плюс» дар Кумита оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон низ тасдиқ карданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми намози ҷумъа кормандони кумитаи мазкур дар масҷидҳои тибқи тақсимот таъиншудаашон чӣ гуна иҷро шудани муқарароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро, ки мутобиқи он ба наврасони то синни 18-сола рафтан ба масҷид манъ шудааст, назорат мекунанд, «лекин дигар кормандони давлатӣ дар вақти корӣ бояд дар ҷойҳои кориашон бошанд».
Айни замон намози ҷумъа дар масҷидҳои кишвар соати 12-и рӯз (амри маъруф то соати 13-00) оғоз гардида, то соати 13-20 дақиқа идома меёбад. Танаффуси нисфирӯзӣ дар аксари корхонаву ташкилотҳои ҷумҳурӣ аз соати 12 то 13-и рӯз муқаррар шудааст.
Қаблан собиқ раиси Кумита оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов дар ин робита изҳор дошта буд, ки мувофиқи Кодекси меҳнати кишвар, кормандони ташкилоту корхонаҳо танҳо дар вақти ғайрикорӣ намоз хонда метавонанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар вақти корӣ фаъолият мебояд кард, намозро бошад, дар вақти берун аз фаъолияти корӣ ва дар ҷойҳои тибқи қонунгузорӣ таъиншуда мебояд хонд.
«Вақте табиб дар бемористон ҳангоми ҷарроҳӣ беморро ба ҳоли худ гузошта ба намоз меравад ё марзбон сарҳадро тарк карда, ба намозхонӣ меравад, бемору марз бесоҳиб мемонанд», – мисол оварда буд А.Холиқов, ки айни замон вакили парлумон аст.
Ӯ ҳамчунин таъкид дошта буд, ки муқаррароти Кодекси меҳнатро риоя намуда, дар вақти берун аз кор мебояд намоз хонд, зеро ба гуфтаи ӯ, тибқи аҳкоми шариат, ибодат вақт ва макони худро дорад.
Аммо ҳатто баъди ин изҳороти Холиқов, ки соли 2013 садо дода буд, хизматчиёни давлатӣ бидуни монеъа ба масҷидҳо баҳри адои намози ҷумъа мерафтанд. Адои намози ҷумъа барои ҳар як мусалмон ҳатмӣ шуморида мешавад.
Тарк кардани намози ҷумъа бидуни сабаби узрнок барои мусалмонон манъ аст. Дар сурати сар задани офатҳои табиӣ (сардии беҳад зиёд, хатари фаромадани тармаву ярч, борони сел ва ғайра) намози ҷумъа ҳатмӣ шуморида намешавад.



