Боздошти дуздони ҷавон дар ноҳияи Қумсангир

Кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Қумсангир ду тан аз сокинони ин ноҳияро ба гумони даст доштан дар ҳодисаҳои дуздӣ боздошт намуданд Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки пешдастгиршудагон – ҷавонони 24-25-сола шаби 28 ба 29 сентябр бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 34-солаи сокини ҳамин ноҳия шуда, 6500 сомонӣ […]

ASIA-Plus



Кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Қумсангир ду тан аз сокинони ин ноҳияро ба гумони даст доштан дар ҳодисаҳои дуздӣ боздошт намуданд

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки пешдастгиршудагон – ҷавонони 24-25-сола шаби 28 ба 29 сентябр бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 34-солаи сокини ҳамин ноҳия шуда, 6500 сомонӣ ва ҷавоҳиротҳои тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 9600 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ёдрас мешавад, ки номбурдагон шаби 19 ба 20 сентябр бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи зани 37-сола, сокини ҳамин ноҳия шуда, аз дохили ҷевон як адад планшет, як телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, маблағи пулии 1000 доллари амрикоӣ, 6000 рубли ФР ва 1300 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 14180 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буданд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.