Машварати коршиносони ИДМ дар Душанбе оид ба масоили такмили омори бахши кишоварзӣ

Имрӯз дар Душанбе машварати серӯзаи коршиносони кишварҳои узви ИДМ оид ба таҳлили маҷмӯи нишондиҳандаҳо, талабот ба маълумот ва сарчашмаҳои онҳо, ки дар «Стратегияи глобалии такмили омори бахши кишоварзӣ ва деҳот» муайян шудаанд, ба кор шурӯъ кард. Чорабинии мзкур аз ҷониби Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ барпо карда мешавад. […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар Душанбе машварати серӯзаи коршиносони кишварҳои узви ИДМ оид ба таҳлили маҷмӯи нишондиҳандаҳо, талабот ба маълумот ва сарчашмаҳои онҳо, ки дар «Стратегияи глобалии такмили омори бахши кишоварзӣ ва деҳот» муайян шудаанд, ба кор шурӯъ кард.

Чорабинии мзкур аз ҷониби Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ барпо карда мешавад.

Аз Кумитаи омор ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар кори машварат коршиносон аз 10 кишвари ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Арманистон, Беларус, Украина, Молдова ва ҳамчунин раиси Кумитаи омори ИДМ Владимир Соколин ва директори Агентии омори назди президенти ҶТ Гулнора Ҳасанзода иштирок доранд.

Ба иттилои манбаъ, дар машварат баррасии масъалаҳои Стратегия глобалии такмили омор дар бахши кишоварзӣ ва омори деҳот дар минтақаи ИДМ ва арзёбии ин нишондиҳандаҳо дар кишварҳои узви ИДМ дар назар аст.

Зимнан зикр гардид, ки иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин атрофи масъалаҳои барӯйхатгирии кишоварзӣ – 2015, дар маҷмӯъ рушд ва вазъи кунунии омори кишварҳои узви ИДМ ва табодули маълумот дар бораи омори бахши кишоварзӣ миёни кишварҳо табодули назар хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.