Имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб Намоишгоҳи молу маҳсулути Ҳиндустон ба кор шурӯъ кард.
Директори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Қудратулло Олимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки намоишгоҳи маҳсулоти Ҳиндустон бо ташаббуси Палатаи савдо ва санати Тоҷикистон ва иштироки бевоситаи Палатаи савдо ва саноати Хатлон ва мақомоти шаҳрдории Кӯлоб бори нахуст дар ин шаҳр доир мегардад.
Ба гуфтаи ӯ, маъруфияти намоишгоҳ сол то сол зиёд шуда. агар соли гузашта дар намоишгоҳ 13 ширкати Ҳиндустон маҳсулоти худро пешкаш карда бошанд, имсол танҳо дар Кӯлоб аллакай 20 гӯшаҳои ширкатҳо боз шудаанд.
«Шумори гӯшаҳои ширкатҳо дар шаҳри Хуҷанд қариб ду баробар зиёд буд, вале на ҳамаи ширкатҳои Ҳиндустон ба шаҳри Кӯлоб омада тавонистанд , зеро баъди Кӯлоб чунин намоишгоҳ дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ ббаргузор мешавад ва онҳо ба он омодагӣ мегиранд», – илова кард номбурда.



