Имзои 16 санад дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар Қазоқистон

Дар нишасти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Қазоқистон сарони кишварҳои  Қазоқистон, Русия, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 16 санад ба имзо расониданд. Хабаргузории ТАСС дар ин робита менависад , дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳод аз ҷумла Консепсияи ҳамкориҳои низомӣ то соли 2020 ба тасвиб расидааст. Дар нишаст Изҳороти сарони кишварҳои узви ИДМ ба […]

ASIA-Plus



Дар нишасти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Қазоқистон сарони кишварҳои  Қазоқистон, Русия, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 16 санад ба имзо расониданд.

Хабаргузории ТАСС дар ин робита

менависад

, дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳод аз ҷумла Консепсияи ҳамкориҳои низомӣ то соли 2020 ба тасвиб расидааст.

Дар нишаст Изҳороти сарони кишварҳои узви ИДМ ба муносибати 70-умин солгарди таъсиси Созмони Милати Мутатҳид ва Муроҷиатномаи сарони кишварҳои узви ИДМ бахшида ба 30-солагии садама дар нерӯгоҳи барқи атомии Черонбил ба имзо расид.

Гуфта мешавад, қарор дар бораи ташкили гурӯҳи марзбонон ва дигар мақомот барои танзими вазъҳои буҳронӣ дар сарҳадҳои беруна ва Барномаи ҳамкорӣ дар таҳкими амнияти марзӣ дар сарҳадҳои беруна қабул шудаааст.

Зикр мегардад, ки як қатор ҳуҷҷатҳои қабулшуда ба ҳамкориҳо дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ марбут буда, ҳамчунин созишномаи ҳамкорӣ дар бахши огаҳӣ ва рафъи оқибатҳои фати табиӣ ба имзо расидааст.

Сарони кишварҳои узви ИДМ номзадҳои роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ ва раиси Кумитаи ҳамоҳангсози масоили дифоъи зиддиҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ-ро тасдиқ намудаанд.

Қайд мешавад, ки ҷаласаи минбаъдаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ санаи 16 сенябри соли 2016 дар Қирғизистон баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.