Даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба қабули қарорҳои қатъӣ дар мубориза бо таҳдидҳои муосир

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Бурабой, воқеъ дар вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, пеш аз оғози ҷаласа бо иштироки ҳайатҳои васеъи давлатҳо, сарони кишварҳои Иттиҳод дар ҳайати маҳдуд,  ки дар он Президенти Қазоқистон […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Бурабой, воқеъ дар вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, пеш аз оғози ҷаласа бо иштироки ҳайатҳои васеъи давлатҳо, сарони кишварҳои Иттиҳод дар ҳайати маҳдуд,  ки дар он Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев раисӣ намуд, 17 масъалаи ба рӯзномаи ҷаласа воридшавандаро баррасӣ карданд.

Дар ҷаласаи сарони кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил лоиҳаи санадҳои танзимкунандаи ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷират, таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, идоракунии ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ техникӣ, 30 – юмин солгарди садамаи истгоҳи атомии барқии Чернобил ва ҳамкориҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нахуст ба ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон барои иҷрои тадбирҳои мушаххас дар раёсати Иттиҳод ва анҷоми муваффақонаи корҳо изҳори сипос намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон инчунин Александр Лукашенкоро барои такроран интихоб шуданаш ба мақоми олӣ – Президенти Ҷумҳурии Белорус табрику таҳният гуфт.

 Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар вазъи ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ, буҳрони иқтисодию молиявӣ, мураккаб гардидани муноқишаҳои минтақавӣ, мо имкон дорем дар доираи Иттиҳод ҳамаи масъалаҳои мубрам ва роҳҳои ҳалли мушкилот дар минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намоем.  

“Ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳо воридгардида, аз ҷумла изҳороти сарони кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 70 – солагии таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид дар вазъи феълии ҷаҳонӣ бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошанд”, изҳор дошт зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории зичу пурсамари кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таъмини амният, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва таҳкими сарҳади берунии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, ҳамкориҳо дар бахши гуманитарӣ, раванди муҳоҷират, мубориза бо ҷинояткорӣ, муносибатҳои фарҳангӣ, идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ техникӣ амри зарурист.

“Моҳи гузашта дар ҳамоиш ва тадбирҳои идонаи Созмони Милали Муттаҳид мо имкон доштем, аз минбари баланд барои таъмини сулҳу субот дар сайёра, ҳалли муноқишаҳо бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ бо пешниҳодҳои асоснок баромад карда, мавқеи устувори худро чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян намоем. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мавқеи ягона доштанд”, изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки “Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои нав, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккил мебошад”.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз қувваи нав пайдо кардани гуруҳҳои экстремистӣ, гаравидани ҷавонон ба сафи онҳо, истифодаи дини мубини ислом барои ҳадафҳои нопок аз ҷониби террористон, амалҳои фоҷеабору мудҳиши давлати ба ном исломӣ, нооромӣ дар назди сарҳади кишварҳои иттиҳод изҳори нигаронӣ карда, сарони давлатҳоро барои қабули қарорҳои қатъӣ дар мубориза бо ин зуҳурот даъват кард.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор дошт, ки қарорҳои имрӯз қабулшаванда бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои аъзои Иттиҳод ба таври матлуб татбиқ карда мешаванд ва омили муҳимми рушду таҳкими муносибатҳои мо мегарданд.

Бояд зикр намуд,  ки дар ҷаласа сарони кишварҳои Иттиҳод дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ бо дарназардошти манфиати умумии ҳалли масъалаҳо мавқеи худро муайян намуданд ва барои муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таъмини амният дар қаламрави иттиҳод, ҳалли буҳрони иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мубрам омодагии давлатҳояшонро баён карданд.

Дар ин ҳамоиш Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Беларусия Александр Лукашенко, Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев, Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, Президенти Русия Владимир Путин, муовини вазири корҳои хориҷии Молдова Андрей Галбур, муовини Сарвазири Туркманистон Сатлык Сатлыков, кордори муваққатии Украина дар Қазоқистон Юрий Лазебник иштирок намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.