Мусодираи ҳудуди 30 кило маводи мухаддир дар Суғд

Рӯзи 15 октябр зимни чорабиниҳои махсуси кормандони милиса дар шаҳри Чкаловск ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва марди 48-солаи сокини шаҳр Чкалов, ки қаблан низ барои содир намудани чунин ҷиноят маҳкум шудааст, боздошт гардиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар вақти кофтукови шахсӣ аз […]

ASIA-Plus



Рӯзи 15 октябр зимни чорабиниҳои махсуси кормандони милиса дар шаҳри Чкаловск ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва марди 48-солаи сокини шаҳр Чкалов, ки қаблан низ барои содир намудани чунин ҷиноят маҳкум шудааст, боздошт гардиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 28 килою 830 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, зимни як чорабинии дигари оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров кормандони милитсия марди 52-солаи сокини шаҳри Хуҷандро, ки пеш бо моддаи 228 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, дастгир намуда, дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 890 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.