Густариши робитаҳои БМТ бо ниҳодҳои молии байнулмилалӣ

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев рӯзи 15 октябр бо намояндагони як қатор бонкҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои молии байнулмилалӣ мулоқот анҷом дод. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар оғоз Ҷамолиддин Нуралиев бо раиси Шӯрои мудирони AccessHolding Томас Енгелхард ва раиси Раёсати АксесБонк Тоҷикистон Удо Шедел мулоқот намуда, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо […]

ASIA-Plus



Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев рӯзи 15 октябр бо намояндагони як қатор бонкҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои молии байнулмилалӣ мулоқот анҷом дод.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар оғоз Ҷамолиддин Нуралиев бо раиси Шӯрои мудирони AccessHolding Томас Енгелхард ва раиси Раёсати АксесБонк Тоҷикистон Удо Шедел мулоқот намуда, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти АксесБонк Тоҷикистон, омода намудани мутахассисони маҳаллӣ барои бонк, баланд бардоштани дониш, таҷриба ва касбияти кормандони мавҷудаи он, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои шустушӯи пулҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада ва дигар паҳлуҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Ғайр аз ин, муовини якуми раиси БМТ ҳамин рӯз бо мудири минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба Осиёи Марказӣ Моаззам Мекан, ки барои иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе – 2015 таҳти унвони “Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор” ташриф овардааст, мулоқот анҷом дода, дар вохӯрӣ ҳамчунин роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон хонум Манижа Мамаднабиева иштирок кард.

Зимни суҳбат иброз гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷонибдори ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд мебошад. Таъкид гардид, ки аз ҳамкориҳое, ки тарафҳо дар ин ё он бахшу соҳаҳо анҷом медиҳанд, бояд ҳар ду ҷониб манфиатдор бошанд.

Мусоҳибон ҳамчунин дар бораи имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохторӣ ва истеҳсолот, тиҷорати кишоварзӣ ва хизматрасонӣ, ривоҷ додани бозори коғазҳои қиматнок, нашр ва барои фурӯш ба бозор ворид кардани коғазҳои қиматноки бонкҳою дигар ширкатҳои истеҳсолӣ, ба роҳ мондани бозори дуюмдараҷаи коғазҳои қиматнок ва ғайра фикру андешаҳои ҷолиб пешниҳод карданд.

Сипас Ҷамолиддин Нуралиев бо тими ҳайати Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои тасдиқнамудаи соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон бо сарварии Роҳбари лоиҳаи тандурустӣ хонум Уэзи Мсиша мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот ҳар ду тараф ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи самаранок ба хотири дар муҳлатҳои ба нақша гирифташуда анҷом додани корҳои хеле зарур дар бахши лоиҳаҳои тандурустӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони лоиҳаи номбурда ҳангоми иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда мубодилаи афкор намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки барои ба даст овардани ин ҳадафҳои ба ҷомеа фоидаовар минбаъд ҳамкориҳои мавҷударо тақвият мебахшанд.

Тарафҳо муҳимияти ҷалби маблағҳои иловагии грантиро барои боз самаранок татбиқ намудани лоиҳаи мазкур бори дигар таъкид карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.