Боздошти дуздони ҷавон дар ноҳияи Рӯдакӣ

Кормандони Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ сокинони маҳаллӣ, ҷавонони 17 ва 18-соларо ба гумони даст доштан дар ҳодисаҳои дуздӣ боздошт намудаанд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 12 октябр боздоштшудагон бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии сокини 37-солаи маҳаллӣ шуда, аз он ҷо маблағи пулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор доллари ИМА ва […]

ASIA-Plus



Кормандони Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ сокинони маҳаллӣ, ҷавонони 17 ва 18-соларо ба гумони даст доштан дар ҳодисаҳои дуздӣ боздошт намудаанд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 12 октябр боздоштшудагон бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии сокини 37-солаи маҳаллӣ шуда, аз он ҷо маблағи пулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор доллари ИМА ва ҷавоҳироти тиллоӣ ҷамъ ба маблағи 140 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршудаҳо қаблан низ бо ҳамин роҳ аз манзили истиқоматии зани 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ маблағи пулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор доллари ИМА ва ҷавоҳироти тиллоӣ ҷамъ ба маблағи 15 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.