Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми гуманитарии ИДМ

Ҳайати Тоҷикистон дар кори Форуми даҳуми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзҳои 22-23 октябр дар шаҳри Остона доир мегардад, иштирок мекунад. Чорабинии мазкур бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги Қазоқистон доир мегардад. Дар кори форум беш аз 200 нафар намояндагони Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, […]

ASIA-Plus



Ҳайати Тоҷикистон дар кори Форуми даҳуми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзҳои 22-23 октябр дар шаҳри Остона доир мегардад, иштирок мекунад.

Чорабинии мазкур бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги Қазоқистон доир мегардад.

Дар кори форум беш аз 200 нафар намояндагони Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Русия ва Қазоқистон ширкат меварзанд.

Форум ба мавзӯи «Паҳнои гуманитарии Иттиҳод: арзишҳои умумӣ ва муколамаи фарҳангҳо» бахшида шуда, ба масъалаи омодагии муштарак ба эълони Соли маориф дар паҳнои ИДМ дар соли оянда таваҷҷуҳи хосса зоҳир хохад шуд.

Дар доираи кори форум ҳамчунин маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни байнулмилалӣ миёни ҷавонон «Иттиҳоди қадамҳои аввал (дебютҳо)» низ доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.