Филмбардорони АМА дар бораи Тоҷикистон филм таҳия мекунанд

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ як гуруҳи филмбардоронро, ки аз Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумита, Аҳтам Абдуллозода,ба меҳмонон роҷеъ ба имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ маълумот дода, қайд кардааст Тоҷикистон бо кӯҳҳои баланду обҳои мусаффо ва мавзеъҳои таърихию диданӣ […]

ASIA-Plus



Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ як гуруҳи филмбардоронро, ки аз Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумита, Аҳтам Абдуллозода,ба меҳмонон роҷеъ ба имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ маълумот дода, қайд кардааст Тоҷикистон бо кӯҳҳои баланду обҳои мусаффо ва мавзеъҳои таърихию диданӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ аллакай эътироф гардидааст ва аз ин рӯ, аз гуруҳи филмбардорон даъват карда шуд, ки тавассути хатсайри омодагардида аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон ба мисли Қалъаи Ҳисор, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, водии Зарафшон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чашмаҳои шифобахш боздид кунанд.

Ҳамзамон зикр шудааст, ки барои ошноии бештар аз фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик, суруду мусиқиҳои классикию халқӣ, гуруҳи филмбардорон дар барномаҳои фарҳангӣ, ки дар Боғи Ирам доир мегардад, ширкта варзанд.

Дар навбати худ гуруҳи филмбардорон аз Аморати Муттаҳидаи Араб бо роҳбарии Алӣ Асалум, ки ҳамзамон роҳбарии ширкати телевизиони “Акс Алӣ”-ро ба дӯш дорад, аз пазироии самимӣ изҳори сипос карда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон барои онҳо хеле муҳим аст, зеро қабл аз омадан Тоҷикистонро дӯст медоштаанд.

Алӣ Асалум мақсад аз сафари худ ба Тоҷикистонро шиносоии наздик бо фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва санъати тоҷикон арзёбӣ намудааст.

Қобили зикр аст, ки гуруҳи филмбардорони арабӣ  дар бештар аз 77 давлати дунё сафар карда, роҷеъ ба соҳаи сайёҳӣ ва анъанаву фарҳанги милии онҳо филмҳои гуногун таҳия кардаанд.

Дар доираи ин сафар ин гуруҳ тасмим гирифтанд, ки роҷеъ ба фарҳангу тамаддун ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон филме омода намоянд. Филми мазкур дар шабкаи телевизионии “Акс Алӣ”-и Аморати Муттаҳидаи Араб, ки дар бештар аз 20 давлати дунё тамошобин дорад, пахш карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.